Ҷанг дар Қарабоғи кӯҳӣ

Вазорати дифоъи Озарбойҷон дар бораи талафоти ҷониби Арманистон дар ҷангҳо дар Қарабоғи кӯҳии эътирофнашуда ҳарф зад.

Тибқи маълумоти онҳо, Арманистон 550 сарбозашро талаф додааст.

Ғайр аз ин, департамент аз нобуд кардани 22 тонк, 18 дрон, инчунин 15 адад системаҳои зиддимушакии “Оса” ва ҳашт тӯп хабар дод.

Рӯзи 27 сентябр Вазорати дифоъи Озарбойҷон эълом дошт, ки низомиёни Арманистон қисмати аҳолинишини хатти тамос дар Қарабоғро оташборон карданд. Сокинони осоишта кушта шуданд.

Ба гуфтаи ҷониби Арманистон, Қарабоғ «ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакӣ дучор шудааст». Дар Қарабоғ ва Арманистон вазъияти ҷангӣ ва сафарбарии умумӣ эълом шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *