Ҷорҷ Флойд сиёҳпусти аз ҷониби полис куштаро ба хок супориданд

Рӯзи 9-уми июн маросими ба хок супории Ҷорҷ Флойд, амрикоиии африкоитаборе, ки аз хушунати пулис ба ҳалокат расида буд баргузор гардид.

Марги Ҷорҷ даъватҳои густардаи ислоҳоти низоми адлияи ИМА-ро барангехт ва эътирозҳои сартосариро дар Амрико ба бор овард.

Гуфта шуд, ки дар маросим танҳо наздикону пайвандони Флойд ҳузур доштанд. Ӯро дар шаҳри Пирленд дар канори модараш ба хок хоҳанд супурд. Телевизионҳои BBC, CNN, Euronews, SkyNews ва дигарон маросими видоъро мустақиман намоиш медиҳанд.

Дерек Човин, корманди ҳамакнун пешини пулис, ки дар марги Флойд гумонбар аст, 8 июн бори нахуст ба додгоҳи Миннеаполис эҳзор шуд. Қарор аст, дафъаи навбатӣ 29 июн ба додгоҳ ҳозир шавад.

Аз 12 узви Шӯрои шаҳрии Миннеаполис, ки Флойд 25 май дар натиҷаи зиёдаравии маъмури пулис ҷон бохт, хостанд, идораи пулиси шаҳрӣ барҳам дода шавад. Зеро ба гуфтаи онҳо, он қобили ислоҳ нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *