107 ҳазор нафар дар як шабонарӯз мубталои коронавирус шуд

Сирояти навъи «Делта»-и коронавирус дар Амрико афзоиш ёфтааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сабти беш аз 107 ҳазор мавриди сирояти коронавирус дар шабонарӯзи охир хабар дод. Пас аз зимистони гузашта бори аввал аст, ки шумори мубталоён бо чунин теъдод дар Амрико афзоиш ёфтааст.

раиси Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико, Рошел Валенски, шоми 7-уми август ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, агар мардум эм накунанд, шояд шумори гирифторон ба садҳо ҳазор дар шабонарӯз бирасад.

Ба бовари мансабдорони соҳаи тандурустии Амрико, густариши навъи “Делта”-и коронавирус ба шиддат идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, баъзе аз шаҳрвандон аз гирифтани ваксина худдорӣ мекунанд.
То кунун ҳудуди ниме аз аҳолии Амрико ҳар ду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *