12 нафар дар қаҳвахона аз ғизо заҳролуд шуданд

Ҷабрдидагон дар чаҳор филиали пойтахти ин қаҳвахона ғизои навъи ҷопонӣ хӯрдаанд. Се зан дар беморхона табобат мегиранд

12 нафар дар қаҳвахонаи Pizza Empire дар Бишкек заҳролуд шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Қирғизистон.

Рӯзҳои 23-24 октябр ба шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи роҳи оҳан 12 нафар бо заҳролудшавӣ аз ғизо муроҷиат кардаанд, ки се нафари онҳо кӯдакон буданд.

«Се нафар занон дар беморхона табобат мегиранд, вазъи онҳо мӯътадил аст. Боқимондаҳо пас аз расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар ҳолати қаноатбахш ба муолиҷаи амбулаторӣ фиристода шуданд», — омадааст дар хабар.

Ба гуфти сардори шӯъбаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Маҳамат Мурзашев, ҷабрдидагон дар чаҳор филиали қаҳвахонаи Pizza Empire ғизои навъи ҷопонӣ — (ролл) истеъмол кардаанд.

Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳқиқоти эпидемиологиро анҷом медиҳанд.

Хабарнигори Sputnik Қирғизистон ,ки мехост ба ин қазия рушанӣ андозад, ба «Империя пицца» муроҷиат кард, аммо онҳо аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *