14+9 чунинанд фавтидагони ду садама

Ёздаҳ нафар дар ҷои ҳодиса ва се тани дигар дар бемористон ҷон бохтанд
Субҳи барвақти 08.08. 21. дар ғарби Туркия садамаи мудҳиш рух дод.

Автобуси мусофиркашонӣ, ки дар масири Балекесир-Эдмерит ҳаракат мекард, дар минтақаи Балекесир чаппа шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар натиҷаи ин фалоакати ногаҳонӣ ёздаҳ нафар дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанду се нафар дар беморхонаҳо ба ҳалокат расиданд.

18 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини гуногун дар панҷ беморхона бистарӣ карда шудаанд.

То кунун дар бораи ҳувияти фавтидагон хабар дода нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз низ дар музофоти Манисаи Туркися як автобус ба садама дучор шуд.

Дар натиҷаи ин бархӯрд 9 нафар кушта ва 30 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *