Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

22 соли зиндон барои барои тоҷике дар Русия

Додгоҳи дуюми ҳавзавии низомии Русия рӯзи 20 декабри соли ҷорӣ Эмом Бурҳонов, як зодаи Тоҷикистонро барои қасди тарконидани қатори «Сапсан» дар хатсайри Санкт-Петербург дар соли 2017 ба муддати 22 сол равонаи зиндон кард.

Хабарнигори оҷонсии Интерфакс аз дохили толори додгоҳи Маскав хабар дод, ки додгоҳ ҳукми худро дар як мурофиаи сайёр эълон кард. Додгоҳ Бурҳоновро аз рӯи моддаҳои «нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ дар як гурӯҳи созмонёфта», «ташкили созмони террористӣ ва ширкат дар он» ва «сӯиқасди анҷоми таркиш дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта» гунаҳгор эълон кард.

Ба иттилои хабарнигор, Бурҳонов гуноҳи худро дар додгоҳ эътироф карда гуфтааст, «танҳо худаш дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор аст». Дар нақли қавл аз Бурҳонов оҷонсӣ навишт: «Ман хато кардам. Ман дар Youtube наворҳои куштори занон ва кӯдаконро тамошо мекардам ва мехостам, ки ба ин хотима дода шавад. Вале ман хато кардам».

Додгоҳи ҳавзавии низомии Маскав дар як ҳукми худ 12 июл ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон барои тайёрӣ ба тарконидани қатори «Сапсан» дар соли 2017 ба мӯҳлатҳои тӯлонии аз 15 то 21 соли зиндон маҳкум кард. Муҳаммадӣ Бобоёров, Ҷумъахон Баймонов, Фарҳод Наҷбудинов, бародарон Сӯҳробҷон ва Фарҳодҷон Нозимовҳову, Абдулғаффор ва Амроҷон Рауповҳо дар чанд ҷиноят, аз ҷумла, “ташкили созмони террористӣ” гунаҳгор донистан шудад. Додгоҳ гуфт, ки ин нафарон ба узвияти созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” шомил шуда, хостанд қатори хатсайти Маскав-Санкт-Петербургро тарконанд.

Дар додисаи 13 июли соли 2017 қатор аз болои як маводи оҳанӣ гузашта, вале аз роҳи оҳан берун нашуд ва танҳо панҷ қатори он осеб дид. Хисороти ин ҳодиса 55 миллион рублро ташкил дод, мегӯянд мақомот. Ҳеҷ нафар аз маҳкумшудаҳо бо ин иттиҳом розӣ нашуданд ва худро бегуноҳ гуфтанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.