97 фавт ва 3062 сироят дар як шабонарӯз

То имрӯз коронавирус ҷони 908 нафарро гирифта, ба беш аз 40 171 нафари дигар сироят кардааст. Хабар медиҳад вазорати тандурустии Чин.

Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯзи охир аз коронавирус 3062 нафар сироят ёфтаву 97 нафари дигар ҷони худро аз даст доданд. Аз шумораи фавтидагон 91 нафар дар Вуҳан мебошанд.

Дар беморхонаҳои Чин бо гумони сироятёбӣ 36 ҳазор нафар табобат гирифта истодаанд, ки аз ин шумора 6,5 ҳазорашон ҳолати вазнин доранд.

Тибқи оморҳо дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон 187,5 ҳазор нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаву 3,3 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *