Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аҳмад Масъуд: Толибон – “силоњи қатли ом”!

Бисмиллоҳир — раҳмонир —  раҳим!

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон!

«Толибон» як гурӯҳи тундрав аз номи дину мазҳаб ҷаҳонро ба чашми ифротият ва тундгароӣ мебинад. Ин гурӯҳи тундрав дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳадафманд ба унвони як бозингар дар Афғонистон парчами сафедашро баланд кард.

Амри тақвияти ифротгароии Толибон равшан ва маълум буда, доманаи тундравӣ ҳамлаҳои зиддибашарии ин гуруҳ васеъ шуда, оқибатҳои даҳшатноки он имрӯз ё фардо кулли кишварҳои Осиёи Миёна, Ҷанубу Шарқи Осиё, Ховари Миёна ва ҷаҳонро низ фаро хоҳад гирифт.

Имрӯз худи онҳо оид ба пайвастан ба ташкилотҳои байналмилалии террористӣ, ба мисли «Ал-қоида» ва «ДОИШ» бар зидди қувваҳои оАҳмад Масъуд:

Толибон – “силоҳи қатли ом”!зодихоҳи минтақаи Панҷшер мушаххас изҳор намуданд.

Акнун ДОИШ, Ал-қоида ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳамкорӣ бо Толибон дар Панҷшер ва минтақаи Шимолӣ Афғонистон ба наслкушии ақалиятҳои миллӣ шуруъ намуданд. Масъули ин бесарусомонӣ онҳое ҳастанд, ки Толибонро ба расмият эътироф карда, ба онҳо неруи маънавӣ ва моддӣ бахшиданд.

Неруҳои Амрико ва НАТО тӯли 20 соли охир теъдоди калони силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаҳои ҳарбиро вориди Афғонистон кардаанд, ҳамаи он имрӯз бо нақшаи пешакӣ таҳрезишуда бо Ашраф Ғанӣ ба дасти “Толибон”, ДОИШ ва Ал-қоида тақсим карда шуда, дар оянда бар зидди инсоният истифода хоҳанд шуд.

Ҳоло бошад, Толибон бар хилофи ваъдаҳои кардаашон оид ба риояи ҳууқуқи инсон аз ин аслиҳа кӯдакон ва занҳои Панҷшер ва сокинони дигар манотиқи Афғонистонро кушта, аз нигоҳи мазҳабӣ ва қавмгароӣ ҷиноятҳои зидди аҳли башарро анҷом дода истодаанд.

Аслан барои онҳо арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва инсонӣ ҳеҷ аҳамияте надошта, ҳамаро ба харобазор табдил дода, ёдгориҳое, ки таърихи 4-5 ҳазорсола доранд, несту нобуд карда истодаанд. Имрӯз бошад, онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳукумати қотилу ғосибро ба номи Аморати Исломӣ таъсис дода, эътирофи дунёро ба даст оранд. Мутаассифона, бархе аз давлатҳо аз даҳшати Толибон ба тарсу ҳарос онҳоро эътироф намуда, хушомад мезананд.

Лекин Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон имрӯз на танҳо барои Панҷшер, балки барои ҳимояи кулли мардуми Афғонистон ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи аҳли башар муборизаро пеш мебарад. 

Агар ин раванд идома ёфта, пеши роҳи ин «силоҳи қатли ом» гирифта нашавад, тақвияти фаъолияти ин гурӯҳҳои ифротӣ имрӯз ё фардо ба зудтарин фурсат ҷаҳонро фаро мегирад. Фардо дер хоҳад шуд. Ин амри воқеӣ ва мантиқӣ аст.

Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорам, то аз ин фоҷиаи зиддибашарӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ намоянд ва бетараф набошанд.

Мо бар зидди касе ҷанг эълон накардаем ва фақат ҳоло худро ҳимоя мекунем. Мо мардуми бонангу номуси Панҷшер то қатраи охирини хуни худ бар зидди ин қотилони зидди одамият мардонавор мубориза хоҳем бурд. Дуруд ба касоне, ки паҳлӯи мо бошанд.

Агар касе ҳам ба дарди мо нарасад, мо бар зидди ин душманони инсоният муборизаро бурда, дар ин роҳ агар шаҳид ҳам шавем, бигзор ҳама донанд, ки  ҳар як нафари  кушташуда рамзи  озодии инсонияти рӯи олам дар хотираи тамоми мардуми дунё бимонад.

Ва миналлоҳи тавфиқ!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.