Абӯбакри Бағдодӣ роҳбарияти Мосулро ба Гулмурод Ҳалимов дод?

Бино ба хабарҳо, рӯзи 11 март бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои эътилоф дар шаҳри Мосули Ироқ се минасози созмони тундрави «Давлати исломӣ” (ДИИШ), аз ҷумла як зодаи Тоҷикистон кушта шудаанд.

Бино ба гузоришҳои нашршуда дар матбуоти Ироқ, рӯзи 11 март ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ дар шаҳри Мосули Ироқ ба сангарҳои ҷангиёни созмони тундрави «Давлати исломӣ” як силсила ҳамалоти нав анҷом додаанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо се мутахассиси асосии ДИИШ дар масоили таслиҳот ва минасозӣ кушта шудаанд. Расонаҳои Ироқ бо такя ба манобеи амниятӣ хабар доданд, ки минасозҳои кушташуда зодагони Тоҷикистон, Русия ва Фаронса будаанд.

Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нест ва исми кушташудаҳо, аз ҷумлаи номи минасози тоҷики ДИИШ нашр нашудааст.

Нирӯҳои Ироқ бо кумаки ҳавопаймоҳои эътилоф аз моҳи октябр амалиёти густарда барои раҳоии Мосул – дувумин шаҳри бузурги ин кишвар аз дасти ҷангиёни ДИИШ-ро пеш мебаранд. ДИИШ Мосулро дар соли 2014 тасарруф кард ва ин шаҳри воқеъ дар шимоли Ироқ амалан «пойтахт”-и сарзаминҳои дар Ироқ тасарруфкардаи ДИИШ ба шумор мерафт.

Бино ба иттилои мақомоти амниятӣ, раҳбари худхондаи ДИИШ Абӯбакри Бағдодӣ низ то ба ин авохир дар Мосул ба сар мебурд, вале танг шудани мавқеи ҷангиёнаш дар ин шаҳр боис шудааст, ки ӯ ахиран ба самти Сурия фирор кунад.

Нирӯҳои Ироқ то имрӯз қисмати шарқии Мосулро таҳти назорати худ дароварда, ду ҳафтаи охир амалиёт барои озодии ғарби Мосулро пеш мебаранд.

Қаблан мақомоти ҷосусии Ироқ бо такя ба маълумоти иктишофӣ гуфта буданд, ки Абӯбакри Бағдодӣ масъулияти фармондеҳии ҳарду ҷабҳаи ғарбӣ ва шарқии Мосулро ба полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов супурдааст. Расонаҳои Ироқ менависанд, ҷангиёни тоҷик дар Мосул як баталйони алоҳидае иборат аз тақрибан 400 нафар доранд, ки ба ҳайъати нирӯҳои вижаи ДИИШ шомил мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *