Ҳамлаи Толибон ба қароргоҳи пулис

Бар асари ҳамлаи афроди Толибон ба қароргоҳи пулис дар шаҳри Пули Хумрӣ, дар шимоли Афғонистон 13 нафар кушта шуданд.

Бар асари ҳамлаи афроди Толибон ба қароргоҳи пулис дар шаҳри Пули Хумрӣ, дар шимоли Афғонистон 13 нафар кушта шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар додааст, ки рӯзи 5 апрел нахуст ҳамлагари интиҳорӣ тавассути мошин дар қароргоҳ  худро мунфаҷир карда ва сипас 8 ҷангии Толибон ба ин ҷо ҳуҷум кардаанд.

Дар натиҷа, 13 афсари пулси кушта шуда, 55 нафар, аз ҷумла, 20 аҳолии осоишта ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҷараёни даргирӣ ҳамаи ҳамлагарон ба ҳалокат расидаанд.

Ин ҳамла пас аз Лоя Ҷирга ё Шӯрои бузурги Афғонистон анҷом шуд. Дар ин нишаст, ки ду рӯз идома дошта ва 3 ҳазору 200 нафар сиёсатмадорон, раҳбарони қабилаҳо ва чеҳарҳои саршиноси Афғонистон ширкат доштанд, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар хостори оташбас шуда буд.

Аммо Ҷунбиши Толибон ин дархостро рад карда ва гуфт, ки дар моҳи шарифи Рамазон низ ҳамлаҳояшро алайҳи неруҳои давлатӣ идома хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *