Ҳамлаи Толибон ба маркази Кобул 4 кушта ва 65 захмӣ бар ҷой гузошт

Дар натиҷаи як таркиш дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 1 июл дасти кам 4 нафар ҷон бохта, 65 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии Толибон бар зимма гирифт.

Дар натиҷаи як таркиш дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 1 июл дасти кам 4 нафар ҷон бохта, 65 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии Толибон бар зимма гирифт.

Ҷунбиши Толибон гуфтааст, ки ҳадафи ин ҳамла бахши тадорукот ва муҳандисии Вазорати мудофиаи Афғонистон будааст.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, дар маркази шаҳр нахуст мошине таркида, сипас шахсони мусаллаҳ ҳамла кардаанд. Ҳодиса дар минтақаи дипломатии Кобул рух дод, ки зери тадобири сахти амниятӣ аст.

Ба иттилои нашрияи The New York Times, дар миёни кушташудаҳо шаш низомӣ низ ҳастанд.

Ин ҳамла пас аз ҳудуди 7 соати даргирӣ ва кушта шудани 5 ҳамлагар поён ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *