Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Амрико: «Бо дахолати низомӣ дар Сурия ҷанги наве оғоз намекунем»

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Амрико мулоқот бо мухолифони ҳукумати кунунии Сурияро идома медиҳад, вале он ба маънои дахолати низомӣ ба умури Сурия нест.

Дар пасманзари ин изҳороти вазири умури хориҷа, сухангуӣ Барак Обама гуфт, қарор нест Амрико бо дахолат дар умури Сурия ба ҷанги наве дар минтақа оғоз кунад.

Ин изҳори назар дар ҳоле нашр мешавад, ки қабл аз ин 51 дипломати амрикоӣ бо навиштани нома ба Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷа, даъват намуданд, ки Амрико сиёсати хориҷиаш дар қиболи Сурияро тағйир диҳад, зеро ин сиёсат тайи ин қадар солҳо натиҷа надод.

Ин дипломатҳо аз ҳукумати Барак Обама хостаанд, барои  ба натиҷа расиданд, ҳукумати Башор Асадро таҳти фишор қарор диҳанд. Ягона роҳ, ба пешниҳоди ин дипломатҳо, анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи артиши Башор асад аст, чун бо ин роҳ ӯ ба музокирот розӣ  мешавад.

Вале Кохи Сафед эълон кард, ки дар иртибот ба масъалаи Сурия гузинаи низомӣ дар рӯйи мизи корӣ нест.

Ҷанги Сурия аз соли 2011 ба ин сӯ идома дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj