Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳамсаратон хориҷӣ? Ба рӯйхат шомил мешавед!

Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон феҳристи шахсоне, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд, таҳия мешавад.

Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон феҳристи шахсоне, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд, таҳия мешавад.

Далели ин иқдом мушаххас кардани шароити зисти шаҳрвандони Ӯзбекистон дар берун аз кишвар унвон шудааст.

Зимнан, рӯзи 22 апрел Кумитаи занони Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор карда ва хостори таҳти ҳимоят гирифтани заноне шуд, ки бо атбоъи хориҷӣ издивоҷ кардаанд.

Ин масъала замоне матраҳ гардид, ки зани ӯзбек аз тарафи шавҳари чиниаш мавриди лату кӯб ва озори ҷинсӣ қарор гирифта ва ӯ ба Косулгарии Ӯзбекистон дар Чин шикоят бурдааст.

Интизор меравад, рӯйхати шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки бо атбоъи хориҷӣ хонадор шудаанд, аз ҷониби Кумитаи занон ва Вазорати хориҷии ин кишвар таҳия шавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.