АН-2- и гумшуда ёфт шуд!

Имрӯз билохира пас аз ноумедиҳои зиёд аз пайдо намудани тайёраи Ан-2 аз вилояти Кемерровск ин тайёраи гумшударо ёфтанд, хабар медиҳад раиси дафтари матбуотии маркази ҷустучӯйӣ ва наҷотдиҳии авиатсияи Сибир  Владимир Плотников.

Ба гуфти ҷаноби Плотников шикастапораҳои ҳавопайморо дар тайгаи Кузбас наҷотдиҳандагони чархболи Ми-8 дарёфт намуданд:

«Ҳавопайморо дар кӯҳҳои Абатов, тақрибан 40 метр дуртар аз деҳаи Крапивинский ёфтанд.Айни замон бошад, наҷотдиҳандагон мавзеи фуруд омаданро интихоб карда истодаанд, ё шояд бидуни ба нақшагирӣ фуруди фаврӣ анҷом диҳанд».

Бино бар маълумоти пешакӣ ба даст омада, 31 июл аз фурӯдгоҳи шаҳри Бердски вилояти  Новосибирск тайёраи Ан-2 ба самти  ноҳияи  Мански вилояти Красноярск хати парвозашро ба нақша мегирад, аммо дар байни роҳ сарлетчик аз ӯҳдаи идораи он намебарояд ва дар натиҷа он яку якбора аз ҳаво ғайб мезанад. аз мавзее .ки Ан-2 бояд фуруд меомад, ба стансия хабар мерасонанд ки самолёти мазкур дар вақти муайяншуда ба фурӯдгоҳ нарасид.

Раёсати тафтишотии Сибири Ғарбӣ  дар бораи нақлиёти  Кумитаи тафтишотии Русия дар ин самт тафтишотро идома дода истодаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *