Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷангалҳои Русия дар коми сӯхтор

Дар вилояти Иркутски Русия бештар аз 20 ҳазор гектар ҷангал оташ гирифтааст. Пешгӯиҳои боду ҳаво хушҳолкунанда нестанд. Дар се рӯзи дар ҳашт ноҳияи вилояти Иркутск сатҳи баланди хатари сӯхтори ҷангалҳо давом меёбад.

Бештар аз ҳазор нафар барои пайдо ва хомӯш кардани манбаи сӯхтори ҷангал сафарбар шудааст. Мақомот ва наҷотдиҳандагон мегӯянд, барои хомӯш кардани оташ нерӯи кофӣ дар ихтиёр доранд.

Дар ин вилоят дар ҷангалҳо ҳолати фавқулодда эълон шудааст. Вайронкунандагони тартиботи пешгирӣ аз ҳолатҳои сӯхтор ҷарима мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.