Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ангела Меркел: «ИА қудрате дорад, ки бо хориҷшавии Британия бисозад»

«Иттиҳоди Аврупо ин тавонро дорад, ки бо хориҷшавии Бритониё созиш кунад», — изҳор доштааст садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар порлумони кишвараш.


Вай гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо яке аз минтақаҳои бузургтарини иқтисодии ҷаҳон аст. Меркел Иттиҳоди Аврупоро «иттиҳоди олии маҷмуи арзишҳо ва ҳамгироиҳо» номидааст, ки «сулҳ, дороӣ ва амниятро кафолат медиҳад».

Тавре садри аъзами Омлон мегӯяд, Бритониё бо хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо наметавонад ҳамаи уҳдадориҳояшро дар назди ин созмон канор гузорад.

Меркел ёдовар шуд, ки бо Бритониё ҳеч гуфтугӯе — на расмӣ, на ғайрирасмӣ — сурат нахоҳад гирифт, то замоне, ки ин кишвар аризаи хориҷшавӣ аз Иттиҳодро пешниҳод накунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.