Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷанги равонии Оли Сауд алайҳи Эрон

Талоши расонаии Оли Суд барои гунаҳгор нишон додани Эрон дар таркишҳои Ховари Миёна, тозатарин ҷанги равонии Арабистони Саудӣ алайҳи Эрон аст.

Таҳлилгарони Арабистони Саудӣ муддаът ҳастанд, ки таркишҳои террористии Арабистон, ба вижа шаҳри Мадина бар амали кардани тарҳҳои Эрон тавассути ДИИШ дар кишварҳои ғарбӣ далолат дорад.

Таҳлилгарони Саудӣ ба шабакаи давлатии “Ал-ахбор” ин кишвар гуфтаанд, Эрон ахиран кишварҳои арабии Халиҷи форсро таҳдид карда буд ва таркишҳо дар Арабистон нишод дод, ки Дииш дар хидмати тарҳҳои Эрон аст.

Ин таҳлилгарон муддаъӣ ҳастанд, таркишҳо дар Арабистон муддате баъд аз таҳдиди Эрон сурат гирифтаанд ва ин масъала нишон медиҳад, ки Эрон пушти ин таркишҳо аст. Саудиҳо ин иддаҳоҳои дурӯг ва музҳикро далели қонеъкунандае барои даст доштани Эрон дар ин таркишҳо медонанд.

Арабистон борҳо Эронро омили беурзагии дастгоҳи иттилоотии худ ва оҷиз шудани неруҳои амниятии ин кишвар дар муқобила бо Дииш медонанд.

Шабакаи ваҳобии “Калима” ҳам эълон кард: пахши мустанади “амиқи нокомӣ” дар расонаҳои миллии Эрон, соатҳое қабл аз рухдодайни таркиш, нишон медиҳад, Эрон дар ин таркиш даст дошта ва ин мустанадро ҳамчун далели бегуноҳии худ, зудтар пахш кардааст.

Аз сӯйи дигар, рӯзномаҳои саудӣ бо чопи карекратураҳои террористҳои шаҳри Мадина ва шаҳри Қатифро кори дастгоҳи иттилоотии Арабистон донистаанд. Алӣ Ал- Саъдӣ, коршиноси масоили сиёсӣ ба шабакаи “Ал-олам” гуфт: “Исроил ҳам дар оғози ташкили режимаш як ҳутел ва як киштии ҳомили муҳоҷирини яҳудиро тарконд, то ба ҷаҳон паём диҳад, ки “мо қурбонии терроризм ҳастем!” Акнун Арабистон ҳам ҳамин тарфриқаро ёд гирифтааст.

Манбаъ:http://www.pan-iranist.info/

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.