Арманистон сарҳадашро аз хавфи каронавирус бо Эрон мебандад

Арманистон бо хотори сар назадани коронавирус дар кишвар ду ҳафта сарҳадашро бо Эрон баста хоҳад кард. Дар ин бора Никол Пашинян дар саҳифаи Фейсбукаш хабар медиҳад.

Аммо сарвазир дар навиштааш  интиқоли борҳоро манъ накарда, барои ронандагони мошинҳои боркаш режими муайяни даромаду баромадро ҷорӣ мекунад.

«Пас аз хулосабарориҳо чунин тасмимҳо қабул карда шуданд: қатъи иртиботи заминӣ бо Эрон дар тӯли ду ҳафта, дар сурати ҳаракати ҳавоӣ  маҳдудиятҳо қисман ҷорӣ карда мешаванд. Интиқоли бор ба Эрон бояд ба пуррагӣ амалӣ карда шуда, нисбати ронандагони мошинҳои боркаш режими махсус ҷорӣ карда шавад.  Таъкид бояд кард, ки дар айни замон дар Арманистон ягон ҳолати сироятёби ба коронавирус вуҷуд надорад ва ман умедворам, ки ин ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Дар ҳар сурат, Арманистон барои ташхиси коронавирус тамоми захираҳои техникӣ ва касбӣро бояд омода намояд.” Чунин қайд намудааст сарвазири Арманистон  Никол Пашинян.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *