Қаторае, ки аз байни бино мегузарад

Дар бино истгоҳи роҳи оҳани ягона – Liziba мавҷуд аст ва одамон аз манзили худ дур нарафта, ба қатора савор мешаванд.

Дар шаҳри Чунсини Чин, ки дорои 50 миллион аҳолӣ мебошад, нақлиёти шаҳрӣ мушкили ҷиддист. Барои ҳаракати ин қадар одамони зиёд дар ҳудуди шаҳр аз тамоми васоити муосир истифода мебаранд, аз ҷумла аз роҳи оҳани ягона. Ҳангоми сохтани як қитъаи ин гуна роҳ мутахассисон ба хулосае омаданд, ки бинои нуҳошёнаро вайрон ва кори худро мушкил накарда, роҳи оҳанро аз миёни бино бисозанд. Бидуни гардиши даври бино гузаргоҳро мустақиман аз байни он дар сатҳи ошёнаи шашум – ҳаштум сохтанд. Дар бино истгоҳи роҳи оҳани ягона – Liziba мавҷуд аст ва одамон аз манзили худ дур нарафта, ба қатора савор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *