Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аввалин қурбонии каронавирус дар Ҷопон

Рӯзи панҷшанбе Ҷопон эълон кард. ки аввалин шаҳрвандаш бар асари сироят ба каронавирус ҷон дод.

Ба гуфтаи мақомот вай як зани 80-солае будааст, ки дар қисмати ҷанубу шарқии Токио зиндагонӣ мекардааст. Расонаҳои хабарии Ҷопон иттило додаанд, ки ташхиси ин зан баъди маргаш сурат гирифта ва иртиботаш бо вилоятии Ҳубейи Чин исбот нашудааст.

 Инчунин мақомоти Ҷопон иттило медиҳад, ки 3700 мусофири киштии “Шоҳзода Алмос” ки аз бандари Чин ба Ҷопон омадааст эҳтимоли мубталоёни вирус вуҷуд дошта бошад. Ба ҳамин хотир мақомот тасмими иҷозаи хуруҷ ба киштиро ба бандар нодода то як рӯзи муайян мусофирон зери назорат қарор хоҳанд гирифт.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.