Аз 6 то 9 нафар аз вирус дар Чин фавтиданд

Дар як нишасти матбуотӣ  муовини раиси Кумитаи давлатии Чин оид ба гигиена ва тандурустӣ Ли Бин гуфтааст, ки дар Чин шумораи фавтидагон аз вируси нав аз 6 то 9 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, ки то имрӯз шумораи сироятёфӣагон аз вируси нав дар Чин 440 нафарро ташкил дода, нӯҳ нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ин вирус, ки нахуст дар шаҳри Вуҳани вилояти Ҳубей пайдо шуд, нигарониҳоеро дар ҷомеаи байналмилалӣ ба миён овардааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қаблан аз интишори ин вирус нигаронӣ карда буд. Баъдан мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки дар чанд фурудгоҳи ин кишвар тадбирҳои беҳдоштӣ барои мусофироне, ки аз шаҳри Вуҳан ворид мешаванд, дар назар гирифтаанд.

Қаблан хабар дода шуду буд, ки шумораи сироятшудагон 324 нафар ва ҳалокшунагон 6 нафар аст, вале бо гузашти ду рӯз ин шумора зиёд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *