Аз бало ҳазар: Туркия ҳавопаймоҳои як қатор кишварҳоро боздошт

Бо сабаби авҷгирифтани қолабгузории коронавируси нав Ҳукумати Туркия ҳавопаймоҳои як қатор кишварҳоро боздошт.

Аз рӯзи 1 уми июли 2021 то як вақти муайян парвози ҳавопаймоҳои Бангаладеш, Бразиля, Непал, Ҳиндустон, Шри Ланка ва ҶАҶ ба Туркияқатъ карда мешаванд.

Тибқи иттилооти як манбаъи боэътимоди Россия сайёҳоне, ки14 рӯзи охир аз Бангаладеш, Бразиля, Непал, Ҳиндустон, Шри Ланка ва ҶАҶ ба Туркия меоянд, бояд натиҷаи қаноатбахши тестии худро пешниҳод намоянд, ки дар тули 72 соат то парвоз ба ин кишвар гузаронида шудаанд. Баъдан онҳоро 14 рӯз барои карантин мефиристонанд.

Дар ҳамин раванд намояндаи Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Россия Мелита Вуйнович изор дошт, ки вазъият бо шакли нави коронавируси “Дельта плюс” безобитакунанда буда, вирус бо суръат афзоиш ёфта истодааст. Аз ин рӯ бояд ҳамагон ваксиния гиранд ва қоидаҳои ҷориро риоя намоянд, то имунитети умуми коркардшавад.

Чи тавре,ки Москва 24 менависад дар ҳолати тасдиқ шудани шакли нави коранавируси “Лямбда” ки дар Британияи Кабир ба қайдгирта буданд, вазорати тандурустии ин кишвар ба мардум пешниҳод карда буд, ки бештар ба чунин ҳолатҳо: баландшавии ҳарорат, сурфаи бардавом, гумшудан ва ё тағирёфтани таъм ва ё мазза диққат дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *