Аз гурбаи одамкуш то баландтарин табақи суманак

Делфини нодир

Делфини Ирравадӣ ҳайвони обиест, ки дар ҳоли нобудшавӣ қарор дорад. Аз рӯйи маълумоте, ки Бунёди умумиҷаҳонии олами вуҳуш соли 2011 нашр кардааст, тахминан 87 сар аз ин делфин боқӣ мондааст. Делфини Ирравадӣ ба фарқ аз дигар делфинҳо нӯл надорад. Рангаш кабуд ё хокистарӣ буда, то 143 кг вазн мегирад ва дарозии баданаш ба 275 см мерасад. Бо ин навъи делфин дар соҳилҳои уқёнуси Ҳинд, халиҷи Бенгал ва шимоли Австралия вохӯрдан мумкин аст.

Хотираҳои қавӣ

Искандари Мақдунӣ (20.07.356 то мелод-10.06.323 то мелод), сиёсатмадор ва сарлашкари бузург қобилияти аҷиберо доро буд. Ӯ зиёда аз 30 ҳазор сарбози худро аз рӯйи чеҳра ва номҳояшон мешинохт. Юлий Сезар (12.08.100 то мелод-15.03.44 то мелод), нависанда, фармондеҳ, сиёсатмадор ва ходими давлатии Рими Қадим ва Куруши Кабир (?-04.12.530 то мелод), асосгузор ва шоҳи сулолаи Ҳахоманишиён низ хотираи қавӣ ва фавқулодда доштанд.

Баландтарин табақи суманак

Дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе, дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи суманак дар ҷаҳон, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат афрохт. Баландии он 30 метр буда, паҳноияш 16 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин майдон дастурхони идона бо дарозии 10 метр ва паҳноии 6 метр густурда шуда, бо “ҳафт син”-у “ҳафт шин” оро дода мешавад. Ин соли дувум аст, ки дар маркази шаҳри Душанбе баландтарин табақи суманак гузошта мешавад.

Гурбаи одамкуш

Дар шаҳри Остроги Украина гурба кӯдаки чормоҳаеро, ки дар аробачааш хоб буд, куштааст. Гуфта мешавад, ки гурба дар болои кӯдак хоб карда, ӯро нафасгир кардааст. Ҳодиса санаи 8-уми март замоне рух додааст, ки модар кӯдакашро дар аробача гузошта, барои ҳамагӣ чанд дақиқа аз ӯ дур шудааст. Зан ба марги фарзандаш бовар накарда, ӯро ба беморхона мебарад ва табибон марги кӯдакро тасдиқ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *