Қазоқистон: 9 июн интихоботи қаблазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад

Қосим Жомарт Токаев, президенти Қазоқистон эълон кард, ки пас аз ду моҳ, яъне, 9 июни соли 2019 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.

Қосим Жомарт Токаев, президенти Қазоқистон эълон кард, ки пас аз ду моҳ, яъне, 9 июни соли 2019  интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.

Вай ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин замина бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешин ва «пешвои миллат» машварат кардааст.

Интизор мерафт, Токаев то моҳи апрели соли 2020 вазифаи раиси ҷумҳуриро иро карда ва интихоботи президентӣ дар Қазоқистон дар моҳи декабри соли оянда баргузор шавад.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки Қосим Жомарт Токаев дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад кард ё на.

Дар Қазоқистон пас аз касби истиқлол 5 маротиба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуда ва дар ҳамаи онҳо Нурсултон Назарбоев пирӯз шуда буд.

19 марти соли ҷорӣ Нурсултон Назарбоеви 78-сола аз мақоми президентӣ истеъфо дода, раиси парлумон Токаев ба ин симмат баргузида шуд.

Дариға Назарбоева бошад  раиси палатаи болоии парламенти Қазоқистон интихоб гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *