“Ба ҳеҷ куҷо” парвоз кардан мехоҳед?

Бино ба гузориши CNN, чанде қабл ширкати ҳавопаймоии Австралия Qantas нақшаи парвозҳои ҳафтсоатаро аз болои қаламрави кишвар эълон кард.

Аз баландии парвози парранда, дӯстдорони сайёҳӣ метавонанд ҷойҳои машҳури Австралия, аз ҷумла Сидней, Харбор ва ғайраро бубинанд. Ин сафар тавассути як Boeing 787 сурат мегирад, ки одатан барои парвозҳои байниқитъавӣ дар саросари ҷаҳон пешбинӣ шудааст.

Айни замон бинобар маҳдудияти парвозҳо аксари тайёраҳо дар заминанд. Тайёраи “ба ҳеҷ куҷо парвозкунанда” бо тирезаҳои калони худ барои тамошо аз баландӣ хеле мувофиқ аст.

Парвоз қарор аст, ки рӯзи 10 октябр аз фурудгоҳи Сидней оғоз шуда, пас аз ҳафт соат боз дар ҳамон ҷо ба поён мерасад.

Гуфта мешавад, ки 134 чипта, ки 566 то 2 734 доллар нарх доранд, дар муддати 10 дақиқа ба фурӯш рафтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *