Ба Путин 2 миллион савол доданд: ӯ ҳам ваъдахилоф аст?

Рӯзи 30-уми июн Владимир Путин, президенти Русия бо мардум гуфтугӯи мустақими телефонӣ анҷом дод ва аз онҳо хост, ки барои беҳдбудии саломатияшон зидди коронавируси нав ваксина бигиранд.

Дар рафти ин гуфтугӯ ба Путин 2 миллион суол фиристодаанд. Зимни ин гуфтугӯ ва дигар нишастҳо раиси ҷумҳури Русия ваъдаҳо медиҳад, аммо бисёре аз онҳо иҷро намешаванд, менигорад Озодӣ.

Ҳар сол вақти гуфтугӯи мустақим бо мардум, Путин ба суолҳои интихобшуда ҷавоб мегӯяд. Ӯ шаҳрвандони нигаронро ором мекунад, аз ояндаи хуби Русия мегӯяд ва худро марди накӯхоҳе ҷилва медиҳад. Вале Путин қавлҳое ҳам медиҳад, ки аксаран иҷро намешаванд. Соли 2005 гуфта буд, ки «ман зидди боло бурдани синни бознишастагӣ ҳастам. То замоне ки раиси ҷумҳур ҳастам, чунин қарор қабул намешавад.»

 Аммо хилофи гуфтааш соли 2018 қонун дар бораи боло бурдани синни бознишастагиро имзо кард.

Ҳанӯз соли 2008 дар як суҳбаташ гуфта буд, ки “сахттарин дилбастагӣ, ин дилбастагӣ ба қудрат аст. Ман ҳеҷ гоҳ ин эҳсосро надоштам. Ба назари ман ғайриқобили қабул аст, ки агар шумо ба курсие расидед, фикр кунед, ки ҳақ доред, ин курсиро доимо ва то замони марг нигаҳ доред.»

Путин на танҳо аз қудрат нарафт, балки бо роҳи тағйири қонун умри ҳукумати худро дароз кард.

Дар соли 2011 Путин гуфта буд, ки «то панҷ соли оянда Русия яке аз панҷ иқтисодии қавии ҷаҳон мешавад. Ин кор шуданӣ аст.»

Бино ба омори расмӣ соли 2020-ум 20 миллион нафар аз мардуми Русия фақир будаанд.

Ҳарфҳои ӯ дар мавриди Қрим низ баръакс шуданд. Соли 2006 гуфта буд, ки «Қрим як порчаи Украина аст. Мо ҳаққи дахолат ба умури кишвари дигарро надорем.»

Соли 2014 Русия Қримро ишғол кард.

Путин бештар аз ду даҳсола аст, ки ҳамчун президент  ва сарвазир Русияро раҳбарӣ дорад. Дар асоси тағйири қонуни асосӣ соли 2020 ба ӯ ба худаш иҷоза дод, то ки то соли 2036 дар қудрат бимонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *