Байден: бо толибон созиш намоед

Натиҷаи сафари президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба ИМА нишон медиҳад, ки Вашингтон расман Кобулро водор менамояд  бо толибон сари мизи музокирот нишинад, изҳор дошт дар мусоҳибааш намояндаи махсуси президенти ФР, директори департамети дуюми Осиёии ВКХ Россия Замир Кобулов.

Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи ҷумъа бо Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои Олии кишвар  оид ба  муросои миллӣ Абдуллоӣ Абдулло вохӯрд. Дар рафти мулоқот Байден изҳор дошт, ки афғонҳо бояд худашон ояндаи худро ҳал намоянд ва даъват ба амл овард, ки ба зӯроварӣ хотима бояд дода шавад.

“Маълуоти ҷудогона ва ё хулоса баровардан аз натиҷаи мулоқот бағоят мушкил. Ба онҳо гуфта шуд, ки  ИМА онҳоро нимароҳ намегузорад, пул кумак мекунад ва бо ягон тарзи дигар дастгирӣ менамояд. Ва асос: Ба Ашраф Ғанӣ дар навбати аввал гуфта шуд, мо ҳама меравем, худат истодагарӣ намуда бо толибон аҳду паймон намо”- шарҳ дод Кобулов.

Ҳамзамон он зикр намуд, ки муҳимияти ин гуфтушунидро кайҳо боз ҷониби Росия низ гуфта буд. “Бе гуфтушунид кор пеш намеравад”, илова намуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *