Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Барқкушонро ба додгоҳ кашиданд

Кумитаи зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Узбекистон идораи таъминкунандаи барқи пойтахти он кишвар, шаҳри Тошкандро ба додгоҳ кашид. Хабар медиҳад Озодӣ.

Кумитаи зиддиинҳисорӣ мегӯяд, идораи таъминкунандаи барқ қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон»-ро вайрон кардааст. Ба гуфтаи кумита, дар моҳҳои октябр ва ноябр ширкати таъминкунандаи барқ ба далели қарздорӣ барқи сокинонро қатъ кардааст, аммо баъд аз пардохти қарз барқи сокинон дубора таъмин нашудааст.

Бино ба хабарҳо, ҳафтаи гузашта 17 ҳазор истифодабарандаи барқ дар пойтахти Узбекистон бе барқ мондаанд. Дар ҳафтаҳои охир дар Узбекистон дар пайи сардтар шудани ҳарорати ҳаво қатъшавии барқ ва гази сокинон зиёд мушоҳида мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.