Барҳам хӯрдани бахши тандурустии Афғонистон фалокатбор хоҳад буд

Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид 45 миллион доллар аз Сандуқи маркази вокуниши изтирории ин созмони ҷаҳонӣ чун кумаки башардӯстона ба Афғонистон ихтисос медиҳад

Мартин Гриффитс, муовини Дабири кулли СММ дар умури башардӯстона ва ҳамоҳангкунандаи кумаки изтирорӣ ахиран дар як изҳорот гуфт, ки ин маблағ дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Хазинаи кӯдакони СММ ( ЮНИСЕФ) қарор мегирад, то имконияти солимиро дар марокизи солимгардонӣ, махсусан дар шифхонаҳои Ковид-19 то поёни соли ҷорӣ ҳифз кунад.

Гриффитс инчунин дар як изҳорот гуфт, ки дар Афғонистон дору, таҷҳизоти тиббӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли тамом шудан аст ва кормандони соҳаи тиб маош намегиранд.

Вай ҳушдор дод, ки барҳам хӯрдани бахши тандурустии Афғонистон фалокатбор хоҳад буд ва дар сурати вуқуи ин фоҷеа мумкин аст, дастрасии мардум ба ниёзҳои аввалияи солимӣ қатъ шавад.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Созмони Милал дар канори мардуми Афғонистон аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо кумак хоҳад кард.

Охирин кумаки Созмони Милал дар ҳолест, ки раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт чанде пеш дар як паёми твиттериаш аз суқути низоми тандурустии Афғонистон ҳушдор дод.

Тедрус Адҳонум гуфта, ки бахши беҳдошти Афғонистон бо чолишҳои шадид, аз ҷумла камбуди таҷҳизот, дору ва пизишкон, буҷаи мавриди ниёз барои идомаи барномаи сиҳатмандӣ, пардохти маоши кормандони сиҳҳӣ ва фирори мағзҳо мувоҷеҳ асту дар сурати суқути низоми сиҳҳӣ афроди зиёде дар ин кишвар ҷонҳояшонро аз даст хоҳанд дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *