Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Барселона» футболбозонашро мефурӯшад

Бо эҳтимол аст, ки бошгоҳи футболи «Барселона» дар трансфери тобистона ҳайати хешро пурқувват мекунад. Дар ин бора сомонаи varzishtv.tj хабар медиҳад.

Мувафиқи маълумоти сарчашма дастаи “Барселона” тайёр аст, ки яку якбора аз 8 футболбозаш ҷудо шавад. Номзади асосӣ Иван Ракитич ва Артуро Видал маҳсуб мешаванд, ки бо даста то соли 2021 шартнома доранд.

Инчунин бошгоҳи «Барселона» мехоҳад, ки ҳамлавари дастаи «Интер» Лаутаро Мартинесро ба ҳайати даста ҳамроҳ намояд. Бозингарони дигаре, ки дастаи «Барселона» мехоҳад аз онҳо ҷудо шавад инҳо мебошанд: дарвозабон Нето, дифоъгарон Самуэл Юмтити ва Эктор Фирпо, хавбек Флиппе Коутиниё ва ҳамлавар Мартин Брайтвайт, ки моҳи гузашта ба ҳайати  даста ҳамроҳ шуда буд.

Тибқи иттилои мавҷуда мумкин аст,  ки даста Коутиниёро нафурӯшад.

Ёдовар мешавеи, ки ҳадафи асосии бошгоҳи «Барселона» дар трансфери тобистона ба фурӯш гузоштани Антуан Гризманн маҳсуб меёбад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.