Соли 2021 аз нигоҳи миллиардер Гейтс

Билл Гейтс, миллиардер ва муассиси «Мicrosoft» 2020-ро соли харобиовар номида, изҳори итминон кардааст, ки соли 2021 беҳтар хоҳад шуд. Дар  ин бора ӯ дар блоги худ навиштааст.

Гейтс чунин мешуморад, ки инсоният ҳадди аққал 12 сабаби хурсандӣ дар соли ояндаро дорад. Ҳамин тавр, ба гуфтаи Гейтс, фаъолияти босуръати ширкатҳои фармасевтӣ, ки ваксина бар зидди коронавирусро таҳия ва озмоиш карданд, сазовори сипос аст. Зеро бо шарофати ин дар соли оянда, қисми бештари аҳолии кураи заминро метавон эм кард.

Инчунин, Билл Гейтс умедвор аст, ки ғалабаи комил бар коронавирус дар тамоми ҷаҳон имконпазир хоҳад шуд. Мушоҳидаи он, ки кишварҳои ҷаҳон бо пандемия чи тавр мубориза мебаранд, дар ин робита касро рӯҳбаланд месозад.

Бунёдгузори Мicrosoft  боварӣ дорад, ки дар ҷаҳон лоиҳаҳо вобаста ба ихтироъ ва истеҳсоли ваксина дар соли оянда бештар мешаванд.

— Бо он ки шумораи зиёди ширкатҳо бо усулҳои гуногун дору омода месозанд, эҳтимолияти  беҳтар ва самарабахши ваксинаҳо вуҷуд дорад, — навиштааст ӯ.

Инчунин, ба гуфтаи Гейтс, он чиз хушҳолкунанда аст, ки ширкатҳои фармасвевтӣ дар мавриди истеҳсоли ваксина ҳамкории  самарбахшро оғоз намудаанд.

— Барои пирӯзии комил бар вирус аз 5 то 10 миллиард доза ваксинаҳо истеҳсол кардан лозим аст. Аммо ин мушкилоти асосӣ нест. Монеаи асосӣ дар ин ҷо логистика – ба эҳтиёҷмандон расонидани худи ваксина мебошад. Аммо, инсоният ин масъаларо низ ҳал карда метавонад,-гуфт ӯ.

Миллиардер  умедвор аст, ки шумораи бештари одамон паҳн кардани суханҳои беасосро дар бораи шубҳаовар будани ваксинаҳо бас мекунанд.

— Фаъолияти ҷамъиятӣ, олимон ва табибони оилавӣ бояд вазифаи муҳимеро оиди ба одамон расонидани манфиатҳои ваксинаҳои нав ба зимма гиранд. Технологияҳои санҷиши коронавирус ҳамарӯза рушд мекунанд. Ба қарибӣ, одамон имкон пайдо мекунанд, ки худашон мустақилона аз экспресс-озмоиш гузаранд, — гуфт муассиси “Мicrosoft”.

Миллиардер навовариҳои табибонро дар мубориза бо коронавирус, алалхусус истифодаи антителаҳоро шоистаи таҳсин медонад.

-Тамоми ҷаҳон барои мубориза бо пандемия муттаҳид шудааст. Албатта, чунин фоҷиаи бузургтарин воситаи беҳтарини ҳамкорӣ нест. Аммо, воқеият ин аст, ки одамон маҳз ба туфайли ҳамин мусибат сифатҳои беҳтарини худро нишон доданд, таҷриба андӯхтанд, ки барои ҳамкорӣ дар дигар ҳолатҳои душвор кумак хоҳад кард – хулоса мекунад Билл Гейтс.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *