Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бо баҳои хун ҳам бошад Балхро ҳифз мекунем!

Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, аз ташкили марказҳои сабти ихтиёриён ба сафи низомиёни мардумӣ хабар дод

Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи низомиҳои мардумӣ интихоб гардид, аз таъсиси марказҳои сабти ихтиёриён барои муқовимат алайҳи Толибон* хабар дод.

Барои сарҷамъии тамоми нерӯҳо алайҳи адӯи мардуми афғон ва ҳифзи қисматҳои шимоли кишвар созиш шуд, хабар додааст Sputnik Афғонистон.

Маршал Дӯстум низ дар пайи ҳамоиши фармондеҳони шимоли Афғонистон изҳор доштааст, ки бо баҳои хун ҳам агар бошад бояд Балхро ҳифз кард. Ӯ гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунӣ агар ба хиёнат роҳ диҳанд, барои ҳамеша дар хотири насли оянда хоин хоҳанд монд.

Инчунин дар мавриди пуштибонии сипоҳи “Шоҳин” зери фармондеҳии генерал Забеҳулло Моманд аз нерӯҳои мардумӣ созиш шудааст.

Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон низ изҳор дошт, ки то охир алайҳи Толибон* мубориза хоҳад бурд ва шарту шароитеро, ки ҷангиёни ин ҳаракат “дикта” намоянд, қабул надорад.

Бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.