Боз як тоҷик дар Русия ғарқ шуд

Дар обанбори ноҳияи Ивантееви вилояти Саратови Русия гурӯҳи наҷот ҷасади фарди ғарқшударо берун оварданд. Маълум шуд, ки ин ҷасади марди 34-сола, шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки ба ҳангоми оббозӣ дар обанбор ғарқ шудааст.

Дар обанбори ноҳияи Ивантееви вилояти Саратови Русия гурӯҳи наҷот ҷасади фарди ғарқшударо берун оварданд.

Бино ба хабари агентиҳои иттилоотии вилояти Саратов, ғаввосони гурӯҳи наҷот рӯзи 8 июл дар масофаи 25 метр дуртар аз соҳил ва дар ҷуқурии 5 метр ҷасадеро пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ки ин ҷасади марди 34-сола, шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки ба ҳангоми оббозӣ дар обанбор ғарқ шудааст.

Пулиси вилояти Саратов корҳои тафтишотиро нисбати ин ҳодиса оғоз кардааст.

Як моҳе қабл ҳодисаи мушобеҳе дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия  рух дода буд. Гурӯҳи наҷот аз об ҷасади ҷавони тоҷикро берун оварданд, ки бо далоили номаълум ғарқ шуда буд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Ленинград, рӯзи 8 июн дар ноҳияи Фрунзе ҷавоне ғарқ шуда ва кормандони ин ниҳод билофосила ба маҳали ҳодиса расидаанд.

Чи тавр ғарқ шудани ҷавон маълум нест. Ҳоло ниҳодҳои қудратӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Қаблан дар шаҳри Санкт-Петербург духтари 14-солаи тоҷик, ки бо дӯстонаш дар соҳили Халиҷи Фин истироҳат мекард, ба ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *