Боздошти роҳбари пешини хадамоти махсус расман тасдиқ шуд

Додситонии кулли Ӯзбекистон боздошт ва ҳабси Ихтиёр Абдуллоев,раиси пешини Хадамоти давлатии амнияти он кишварро тасдиқ кард.

Додситонии кулли Ӯзбекистон боздошт ва ҳабси Ихтиёр Абдуллоев,раиси пешини Хадамоти давлатии амнияти он кишварро тасдиқ кард.

«Парвандаи ҷиноӣ бо айбҳои сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва порагирӣ нисбати роҳбарони пешини Хадамоти амнияти давлатӣ И. Абдуллоев ва Ж. Эгамов (муовини пешини раиси Хадамот) ва инчунин нисбати 10 каси дигар боз шудааст. Тафтишот идома дорад», — омадааст дар хабари Додситонии кулли Ӯзбекистон.

Додситонӣ мегӯяд, ба далели он ки дар парванда чанд мансабдори баландпоя ширкат мекунанд, ҷузъиёти тафтишот ошкор намешавад.

Чаҳор моҳ пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки Ихтиёр Абдуллоеви 53-сола 11 феврали соли ҷорӣ боздошт шудааст.

Абдуллоев 31 январи соли 2018 раиси Хадамоти амнияти давлатӣ таъйин шуд. Вай аз соли 2015 ба ҳайси додситони кулли Ӯзбекистон ва аз соли 2009 мушовири давлатии президент фаъолият мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *