Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чин барои мубориза бо вирус аз созмони тандурустӣ кӯмак мехоҳад

Ҳукумати Чин мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба шаҳри Ухан, ки навъи коронавирус  дар ҳоли паҳншавист даъват мекунад, хабар медиҳад сомонаи “Регнум”.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта Ли Бин, муовини кумитаи давлатии масъалаҳои гигиена ва тандурустии Чин дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт: “Мо мехоҳем ҳамкориҳо ва робитаҳои байналмилалиро нигоҳ дорем”.  

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки кумита маълумотҳо дар бораи коронавирусро дар ҳар қадам мунташир хоҳад кард. Ба гуфтаи Ли Бин Чин барои мубориза бо ин беморӣ мутахассисони СҶТ ва Ҳонгкону Тайванро ба шаҳри Ухан даъват кард, то вазъияти кунунӣ баррасӣ гардад.

Бар асоси хабарҳои охирини расонаҳо, дар натиҷаи бемории «пневмония», ки «коронавирус» сабаби он аст, дар Чин то ҳол 9 тан вафот карданда, 570 нафар мубталои ин вируси нав шуданд, ки аз ин шумора 95 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар Япония, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Таиланд ва Тайван низ мубталоёни коронавирус сабт шуданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.