Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чин бо ваксинаи зидди коронавирус ҷаҳонро таъмин карданист

Давлати Чин 5 намуди ваксинаро барои табобати беморони сироятии  COVID-19 омода кардааст, ки аллакай  як қисми он дар ихтиёриён озмуда мешавад.

Мақомоти Чин гуфтаанд, баробари ваксинаҳои алайҳи коронавирус аз ҳамаи озмоишҳои клиникӣ гузаштан ва натиҷаи таъсиррасонии онҳо дар қиболи ин беморӣ мусбат баромадан, онҳоро ба тамоми ҷаҳон дастрас мекунанд.

Нашрияи «Жинмин Жибао» бо истинод ба суханони вазири илм ва технологияи Чин Ван Чжиган менависад: «Дар қадами оянда, агар ваксинаи чинӣ барои истифода омода бошад, пас аз таҳия ва озмоишҳои клиникӣ, мо ӯҳдадориҳои кишвардори Чин Си Ҷинпинро дар Конфронси 73-юми Созмони ҷаҳонии беҳдошт иҷро хоҳем кард ва онро ҳамчун маҳсулоти оммавӣ барои тамоми ҷаҳон дастрас мегардонем».

Ба гуфтаи вазири илм ва технология, таҳияи ваксина як амали хеле ҷиддӣ ва ниҳоят мураккаби илмӣ мебошад, ки вақти зиёдро талаб мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.