Чин дар Бухоро неругоҳи бодӣ месозад

Дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ӯзбекистон рӯзи 22 сентябр сохтмони неругоҳҳои бодӣ шуруъ шуд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар доираи амалисозии тарҳи Lioaning Lide маросими насби дастгоҳҳои андозагирии суръати бод баргузор шуд.

Арзиши умумии тарҳ 1,8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Маҷмуи неругоҳҳои бодӣ дар майдони 6 ҳазор гектар сохта шуда, 1,5 ҳазор МВт барқ истеҳсол хоҳанд кард. Тарҳ дар се марҳила амалӣ мешавад.

Моҳи майи соли 2017 Ӯзбекистон барномаи рушди манобеи барқароршавандаи энержиро барои солҳои 2017-2025 тасдиқ карда буд.

Соли 2018 Ӯзбекистон бо Русия шартномаи сохтмони неругоҳи ҳастаиро имзо кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *