Чин: Сироятёфтагони коронавирус, ки худро пинҳон мекунанд, ба маҳкама мекашад

Чин минбаъд нисбати нафаронеро, ки гирифтории худро ба коронавирус пинҳон мекунанд, парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад кард. Дар ин бора “Beijing Daily” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки тибқи ҳукми додгоҳ, шахсе, ки нишонаҳои ин бемориро қасдан пинҳон мекунад, метавонад пушти панҷара равад. Инчунин мӯҳлати ҳадди аққал барои сирояти дигарон бо коронавирус 10 сол ва ҳадди аксар ҳабси якумра пешбинӣ шудааст. Ғайр аз он, шаҳрвандоне, ки дидаю дониста ба дигарон сироят мекунанд, метавонанд ба марг маҳкум карда шаванд.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то 16 феврал дар ҷаҳон зиёда аз 69,1 ҳазор нафар мубталои коронавируси нав мебошанд. Тақрибан 1700 бемор аз ин вирус вафот карданд. Аллакай табибон 9,5 ҳазор нафарро шифо бахшида аз беморхонаҳо ҷавоб доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *