Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чиптаҳои парвоз ду баробар арзон мешаванд

Ин таблиғ танҳо барои калонсолон аст. Дар ин бора матбуоти Ӯзбекистон хабар додааст. «Нархҳои парвозҳои дохилӣ дар Ӯзбекистон аз 1 то 5 сентябр ду маротиба арзонтар хоҳанд шуд.

 Ҷамъияти саҳомии «Uzbekistan Airways» оид ба тахфифи  аз 30% то 50%  хабар дод. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад дар ин муддат бо тахфифи калон дар амал билет харад “, – гуфта мешавад дар паём. Қобили зикр аст, ки ширкат ин тахфифҳоро барои ҳамаи одамони аз 2 сола боло раво дидааст.

Ин аксия на танҳо барои сокинони Ӯзбекистон, балки мардумони дигар кишварҳои дунё ҳам метавонанд дар он иштирок кунанд. Барои гирифтани тахфифи 50%, шумо бояд нафақахӯр ё маъюб ва ё шахсе, ки бевосита дар барҳам додани нерӯгоҳи атомии Чернобил иштирок дошта, бошед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.