Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

COVID 19. Гирифторон, шифоёфтагон ва фавт дар ҷаҳон

Амрико, Бразилия, Россия, Испания, Британияи Кабир, Италия, Франсия, Германия, Ҳиндустон ва Туркия ба даҳгонаи кишварҳои нисбатан зиёди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон дохил мешаванд.

Ба ҳолати 30 май дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 давоми як шабонарӯз 125 ҳазору 511 нафар зиёд шуд. Ҳамин тариқ, сироятёфтагони ин беморӣ ба 6 миллиону 33 ҳазору 835 нафар расидааст.

Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 661 ҳазору 163 кас шифо ёфтаанд ва 366 ҳазору 891 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 793 530 нафар), Бразилия (468 338), Россия (387 623), Испания (285 644), Британияи Кабир (271 222), Италия (232 248), Франсия (186 835), Германия (183 019), Ҳиндустон (173 763) ва Туркия (162 120) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (519 569 нафар), Испания (196 958), Бразилия (193 181), Германия (164 100), Россия (159 257), Италия (152 844), Туркия (125 963), Эрон (114 931), Ҳиндустон (82 627) ва Чин (78 302) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (104 542 нафар), Британияи Кабир (38 161), Италия (33 229), Франсия (28 714), Бразилия (27 944), Испания (27 121), Белгия (9 430), Мексика (9 415), Германия (8 594) ва Эрон (7 677) шомил мебошанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.