Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Афғонистон чи гап: Мезананду мекушанду боқӣ хайру хайрият…

“Толибон”” даъво доранд, ки чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистонро сарнагун карданд, аммо расонаҳо аз нишасти изтирорӣ хабар медиҳанд
Як чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистонро дар вилояти Ҳилманд сарнагун кардаанд, мегӯянд,”Толибон”*.

“Дар наздикии маркази ноҳияи Нодӣ Алии вилояти Ҳилманд, аъзои ҳаракат чархболи низомии душманро сарнагун карданд”, – навиштааст Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин ҳаракат дар Twitter.

Битно ба гуфти ӯ, ҳамзамон маркази ноҳияи Ноди-Алӣ забт ва раиси полиси маҳаллӣ низ дастгир карда шуд.

Ба гуфти “Толибон”*, дар паи ин ҳамлаҳо афғонҳои зиёде кушта ва захмӣ шуданду силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Дар баробари ин, расонаҳо бо истинод ба низомиёни Афғонистон хабар медиҳанд, ки чархболи нерӯҳои ҳавоии кишвар дар Ҳилманд нишасти изтирорӣ анҷом дод. Эҳтимолан бо сабабҳои техникӣ.

Хабар дода шуд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст. Мусофирони дохили чархбол берун бароварда шуданд ва худи чархбол нобуд карда шуд.

Ҳамчунин, Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки нерӯҳои амнияти миллӣ дар давоми шабонарӯзи гузашта 187 ҷангҷӯи “Толибон”*-ро маҳв карданд.

Тибқи иттилоъи вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон “дар вилоятҳои Кунар, Логар, Ғазнӣ, Хост, Қандаҳор, Урузгон, Форёб, Балх, Ҷузҷон, Самангон, Ҳилманд, Тахор, Қундуз, Бағлон ва Каписа амалиёти низомӣ анҷом доданд”.

Дар вилояти Балх нерӯҳои мусаллаҳ минтақаи Калдорро аз дасти “Толибон”*, ки дар он ҷо шаҳри Ҳайратон ва пули аз ҷиҳати стратегӣ муҳим – пайвасткунандаи Афғонистон ва Ӯзбекистон ҷойгиранд, бозпас гирифтанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.