Дар Афғонистон дари макотиб боз шуд, вале бе ҳузури духтарон: ЮНИСЕФ вокуниш кард

Толибон аз боз шудани мактабҳо дар Афғонистон хабар доданд, аммо танҳо 27 сентябр писарони донишҷӯ ва мардҳои омӯзгорро ба мактаб даъват карданд. Дар изҳорот духтарон ва занони омӯзгорон зикр нашудаанд.

Дар як изҳорот Вазорати маорифи Толибон* эълом кардааст, ки ҳамаи мактабҳои ибтидоӣ, мактабҳои миёна ва мактабҳои расмии синфи мардона иттилоъ дода мешавад, ки раванди таълимро аз 27 сентябр оғоз кунанд.

«Ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёни мард бояд ба мактабҳо ҳозир шаванд», — хабар додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба қарори Вазорати маорифи Толибон.

Дар ин баёния, ки рӯзи ҷумъаи 17 сентябр нашр шуд, танҳо аз «устодон ва донишҷӯёни мард» ба мактабҳо даъват карда шудааст.

ЮНИСЕФ дар ҳамин ҳол, мегӯяд, ки аз ифтитоҳи мактабҳои миёнаи писарон пас аз чанд моҳи басташавӣ дар Афғонистон истиқбол мекунад, аммо мегӯяд, духтарон набояд аз раванди таҳсил дар канор монанд.

Ҳенритта Фор, директори иҷроияи ЮНИСЕФ ё Сандуқи Кӯдакони СММ дар як изҳороти ахираш гуфт, ки вай аз ифтитоҳи мактабҳо дар Афғонистон пас аз моҳҳои басташавӣ истиқбол мекунад, аммо аз ин ки ба  духтарон иҷоза бозгашт дода нашаванд, изҳори нигаронӣ кардааст.

ЮНИСЕФ аз шарикони рушди худ даъват кардааст, ки кӯдаконро дар Афғонистон дастгирӣ кунанд.

Ҳамзамон Толибон рӯзи сешанбе номи Вазорати занонро ба Вазорати амр бар маъруф ва наҳй аз мункар иваз карданд. Ё тавба боз инаш чигуна вазорат бошад?!

Толибон* то кунун тағйири номи Вазорати занон ва даъват нашудани духтарони мактабхону занони омӯзгорро ба тадрису таълим шарҳ надодаанд.

Толибон* қаблан гуфта буданд, ки дар фаъолиятҳои иҷтимоии занон ва таҳсилоти онҳо ҳеҷ мушкиле надоранд, аммо ин бояд дар доираи «шариати исломӣ» бошад.

Гурӯҳи тундрав ахиран низ изҳор дошт, ки бо донишҷӯдухтарон мушкиле надорад, аммо бояд «ҷудо кардани ҷинс» дар донишгоҳҳо сурат гирад ва барномаҳои таълимӣ аз нав дида шаванд.

Ҳукумати Толибон* беш аз  якмоҳ мешавад, ки дар Афғонистон қудратро дар даст дорад ва то кунун ҳеҷ давлате онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин гуруҳи тундрав тақозо дорад, ки дар кишвар ҳукумати ҳамашумул бо дарназардошти ҳуқуқу озодиҳои мардум, аз ҷумла занон ташкил карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *