Дар донишҷӯёни қирғизи аз Чин баргашта вирус мушоҳида нашудааст. 170 фавт ва 7783 сироятёфта аз коронавирус

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ки вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар муътадил буда, то ҳол ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус мушоҳида нашудааст. Дар ин бора хабаргузории “Сентрал Азия” иттилоъ медиҳад.

12 донишҷӯи қирғизе, ки аз Чин баргардонида шудаанд, дар утоқҳои махсус дар бемористон бистарианд.

«Ҳамаи донишҷӯён зери назорати доимии тиббӣ қарор доранд. Вазъи онҳо қаноатбахш буда, то ҳол дар онҳо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси нав мушоҳида нашудааст», — афзудааст вазорат.

​Ба огаҳии Комиссияи миллии тандурустии Чин, то ҳол 7 ҳазору 783 нафар ба коронавирус мубтало шуда, 9 ҳазору 239 нафари дигар бо гумонӣ гирифторӣ ба он зери назорати табибон ҳастанд.

Аз ин миқдор 170 тан ҷони худро аз даст додаанд.

Аксари сироятёфтагон аз вилояти Ҳубей (маркази паҳншавии вирус) мебошанд, ки дар он ҷо 4 ҳазору 586 ҳолати сироят ва 162 фавт ба қайд гирифта шудааст.

То имрӯз 133 нафар аз ин вирус шифо ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки берун аз Хитой дар Тайланд, Ҷопон, Ҳонконг, Сингапур, Тайван, Австралия, Макао, Малайзия, Фаронса, ИМА, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Канада, Ветнам, Камбоҷа, Финландия, Непал ва Шри Ланка 105 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *