Дар Хитой 50 миллион тонна хук мехуранд ва захирааш тамом шуда истодааст

Чин захираи яхкардашудаи гӯшти хукро қариб тамом кард ва арзиши гӯшт ба истеъмолкунандагон дар моҳи август нисбат ба як сол пеш беш аз 50 фоиз афзоиш ёфт. Дар бораи ин Financial Times менависад.

Ширкати консалтингии Enodo Economics дар Лондон тахмин мезанад, ки ин захираҳо аз моҳи сентябри 2019 то августи соли равон тақрибан 452,000 тонна коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Диана Чойлева, сармутахассиси ширкати Enodo, дар Чин камтар аз 100 000 тонна гӯшти хук боқӣ мондаасту халос. Бо чунин суръат, дар тӯли ду-се моҳ захираҳо тамом мешаванд ва кишвар дар арафаи бӯҳрони гӯшт хоҳад буд, мегӯянд коршиносон.

Камчинӣ Чинро маҷбур кардааст, ки имсол ҳаҷми рекордии гӯштро, аз ҷумла аз ИМА ворид кунад (дар моҳи июл танҳо 430 ҳазор тонна). Чин бузургтарин истеъмолкунандаи гӯшт дар ҷаҳон аст. Дар панҷ соли охир талаботи миёнаи солонаи гӯшти хук дар кишвар тақрибан 50 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Қаблан, Чин воридоти гӯшти хукро аз Олмон манъ кард, ки дар он ҷо аввалин ҳолати зукоми хук ба қайд гирифта шуда буд. Ин кишвар истеҳсолкунандаи асосии гӯшти хук дар Аврупо ва таъминкунандаи асосии гӯшт ба Чин мебошад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *