Дар маркази Кобул 7 нафар кушта шуд

Бар асари як ҳамла ба Вазорати мухобироти Афғонистон дар маркази шаҳри Кобул ҳафт нафар бо шумули афроди ғайринизомӣ ба қатл расида ва 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.


Бар асари як ҳамла ба Вазорати мухобироти Афғонистон дар маркази шаҳри Кобул ҳафт нафар бо шумули афроди ғайринизомӣ ба қатл расида ва 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ин даргириҳо соати 11.40 вақти маҳалии рӯзи 20 апрел шурӯъ шуда ва шаш соат давом кардааст.

Ин ҳамла замоне рух дод, ки музокироти сулҳ миёни ҳайати давлати Афғонистон ва Ҷунбиши Толибон дар шаҳри Доҳаи Қатар ба таъвиқ афтод.

Чониби Толибон гуфтанд, ки ҳайати бузурги 250-нафарии Кобулро қабул надоранд ва бо ҳукумати Афғонистон вориди музокира нахоҳанд шуд.

Ҷунбиши Толибон эълом карданд, ки дар ин ҳамла даст надоранд. Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Ҷунбиши Толибон гуфт, ки дар ин ҳамла неруҳои ин ниҳод ширкат надоштаанд.

Ин задухӯрд дар минтақаи пурҷамъият, дар наздики меҳмонхонаи маъруфи Серена, вазоратхонаҳо ва қасри президент сурат гирифт.

Дар ҷарёни даргирӣ 4 ҳамлагари мусаллаҳ аз ҷониби пулис кушта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *