Дар мусобиқоти танкҳо Тоҷикистон ҳамаро дар ҳайрат гузошт

Экипажи танки Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии низомии АрМИ-2019 дар майдон ё полигони “Алабино” аз ҳама пештар, дар 26 дақиқаю 30 сония ба марра расид.

Экипаж таҳти фармони лейтенанти калон Собирҷон Кабутов ҳамаи монеаҳоро дар 30 дақиқа убур карда, ба натиҷаи беҳтарин даст ёфт.

Ҳамчунин, дар мусобиқа бо низомиёни Кувайт танки Тоҷикистон аз 3 ду ҳадафро ба нишон расонд.  Дар ҳоле ки танки Кувайт ҳеч ҳадаферо ба нишон расонда натавонист.

Низомиёни тоҷик дар Бозиҳои байналмилалии низомии АрМИ-2018 низ ширкат карда, аммо дастоварди чашмгире надоштанд.

Бозиҳои байналмилалии низомии АрМИ-2019 3 август шурӯъ шуда ва то 17 август идома хоҳад дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *