Дар садамае дар Қазоқистон 11 муҳоҷир ҳалок шуданд

Дар натиҷаи садамаи автобус дар шоҳроҳи Тошканд-Алмаато дар вилояти Ҷанбули Қазоқистон 11 муҳоҷири корӣ, ки ба самти Русия ҳаракат доштанд, ба ҳалокат расидаанд.

Дар натиҷаи садамаи автобус дар шоҳроҳи Тошканд-Алмаато дар вилояти Ҷанбули Қазоқистон 11 муҳоҷири корӣ, ки ба самти Русия ҳаракат доштанд, ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумлаи қурбониён, 8 нафар шаҳрванди Қазоқистон ва 3 нафар Ӯзбекистон буда, дар миёни захмиён шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, автобус дар роҳ ба мошини сабукрав бархӯрда ва чаппа шудааст.

Дар маҳали ҳодиса ҳашт нафар ҳалок шуда ва се нафари дигар дар бемористон ҷон додаанд. 32 нафар ҷароҳат бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

То ҳол исми қурбониён ва захмиён эълон нашудааст.

Кормандони пулис ва додситонӣ дар маҳали ҳодиса тафтишот мебаранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.