Дар Тошканд нозири роҳ ронандаи мастро парронд

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон нозири роҳ як ронандаи мастро парронд. Дар ин бора мақомоти шаҳри Тошканд хабар доданд.

Ҳодисаи мазкур шоми 7 ба 8 декабр дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд рух дод.

«Эҳтимол мерафт, ки ронанда дар ҳолати сархушӣ қарор дорад. Нозири роҳ мехост, ба далели вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ нисбати ронанда санад тартиб диҳад. Вале ногоҳ ронанда ба муқовимат гузашта, бо корде ки дар даст дошт, таҳдид мекард, ҳар кӣ ба наздаш ояд, ҳамла хоҳад кард», — хабар медиҳанд мақомот.

«Одамони зиёде ҷамъ шуданд. Ин замон нозири роҳ тасмим гирифт, ки ӯро аз пояш маҷруҳ созад. Танҳо маҷруҳ шудан ронандаро водор кард, ки кордро ба замин партояд. Ёрии таъҷили ронандаро ба бемористон бурд», — омадааст дар хабари мақомот.

Аз дохили мошини ронанда шишаи шароб пайдо шудааст.

Ронанда сокини ноҳияи Шайхонтаҳур Нусрат И., 43-сола аст, ки пештар аз ин зиндонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *