Дастгоҳҳои ташхис девонаро солиму солимро девона нишон медиҳанд…

Санҷиши Илназ Галявиев, ҷавоне, ки дар мактаби Қазон ҳафт хонанда ва ду омӯзгорро кушта буд, солим баромадааст. Ин дар ҳолест, ки ташхиси қаблӣ ӯро девона бароварда буд.

Илназ Галявиев, ки дар гимназияи рақами 175-и Қазон тир кушод, солим дониста шуд, гуфт вакили ӯ Владимир Богдан ба РИА «Новости».
«Муфаттиш ба ман гуфт, ки ташхис ӯро солим нишон дод. Худи хулосаро надидам», — гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Богдан, ба ӯ ҳамчунин хабар дода шудааст, ки муттаҳам аз хидмати вакилони дифоъе, ки волидонаш киро кардаанд, даст кашидааст. Акнун дар додгоҳ манфиатҳои ӯро вакили мудофеи таъинкардаи тафтишот ҳимоя мекунад.

«Ман инро нақзи ҳуқуқи дифоъ медонам. Бо дархости волидайнаш минбаъд низ аз ӯ ҳимоят мекунам», — афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, 11 май дар яке аз макотиби Қазон куштори оммавӣ иттифоқ афтод. Ҷавони 19-сола, ки худ хатмкардаи ин боргоҳ мебошад, бо истифода аз маводи тарканда, аввал инфиҷор анҷом ва сипас вориди мактаб шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.