Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Давид Виллиан аз футбол рафт

Виллиан, бозингари бомаҳорати испанӣ эълон кард, ки дигар ба ҳайси бозингар ба  майдони футбол намебарояд.

  Тавре шабакаи “Варзиш” хабар медиҳад,  собиқ нобиғаи тими мунтахаби испанӣ ва бошгоҳҳи “Барселона”, Валенсия” ва “Атлетико”-и Мадрид Виллиан охирин бозии худро дар корномаи варзишиаш анҷом дод.

 Дар бозии финалии Ҷоми Ҷопон-2019 тими «Виссел Кобе» бар «Кашима» бо ҳисоби 2:0 ғалаба намуд. Ин дидор барои собиқ ҳамлагари мунтахаби Испания ва “Барселона” охирин рақобат маҳсуб мешуд, зеро Виллиан қаблан эълон намуда буд, ки ба корномаи варзишии хеш хотима мебахшад.

Бозигари 38 -сола аз курсии захиравӣ ба майдон баромад ва бо дастаи «Виссел Кобе» барандаи Ҷоми Ҷопон дар соли 2019 гардид.

Дар тӯли фаъолияти пурсамараш ин нобиғаи нотакрори испанӣ дар дастаҳои «Спортинг», «Сарагоса», «Валенсия», «Барселона», «Атлетико», «Мелбурн Сити» ва «Ню-Йорк Сити» ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар ин муддат Давид се бор ғолиби Чемпионати Испания ва барандаи Ҷоми Испания гардидааст. Инчунин дар ҳайати “Барселона” соли 2010/11 ғолиби Лигаи Чемпионҳои Аврупо гардидааст.

Бо тими миллии Испания Виллиан соли 2010 қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда ва соли 2008 барандаи Чемпионати Аврупо гардидааст. Ба ғайр аз ин Давид бо 63 голаш беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби Испания ба ҳисоб меравад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.